Барномаи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028
Ҷаласаи пленарӣ
Ҷаласаи пленарии Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал оид ба об ба сарони ҳайатҳо барои ироа намудани изҳороти сиёсӣ шароит муҳаё менамояд. Дастурамал оид ба изҳоротҳо, ки ба Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба об, ҲРУ6, инчунин Рӯзномаи амал оид ба оби Конфронси обии СММ дар соли 2023 мувофиқанд, тавассути каналҳои дипломатӣ ба сарони ҳайатҳо пешниҳод карда мешаванд.
Муколамаҳои интерактивӣ
Дар доираи Конфронси 3-юми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал оид ба об панҷ муколамаи интерактивӣ баргузор мешавад, ки ба муколамаҳои Конфронси оби СММ дар соли 2023 мувофиқат мекунанд. Муколамаҳо ба татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал барои об, баррасии муваффақиятҳое, ки аз Конфронси обии СММ дар соли 2023 бармеоянд, аз чумла, ба татбиқи Барномаи амал оид ба об, муайян кардани мушкилот ва имкониятҳо дар татбиқи онҳо, табодули таҷрибаи пешқадам ва ҳалли инноватсионӣ ва таҳкими шарикӣ байни ҷонибҳои манфиатдор барои амалӣ намудани ҳадафҳои марбут ба об бахшида мешаванд. Аз ҳамраисҳои муколамаҳои интерактивии Конфронси обии СММ дар соли 2023 даъват карда мешаванд, ки муколамаҳои интерактивии Конфронси Душанберо дар якҷоягӣ бо шарикони дигари Раванди оби Душанбе ташкил ва баргузор намоянд. Шартҳои техникӣ барои муколамаҳои интерактивӣ аз ҷониби Котиботи Конфронс таҳия карда мешаванд.
Муколамаҳо мавзӯъҳои зеринро дар бар мегиранд, ки мувофиқ ба мавзӯҳои Конфронси обии СММ дар соли 2023 мебошанд:
Муколамаи интерактивии -1. Об барои саломатӣ: дастрасӣ ба об, беҳдошт ва гигиена (WASH), аз ҷумла ҳуқуқи инсон ба оби ошомиданӣ ва беҳдошт;
Муколамаи интерактивии -2. Об барои рушди устувор: арзиши об, робитаи об-энергия-ғизо ва рушди устувори иқтисодӣ ва шаҳрҳо;
Муколамаи интерактивии -3. Об барои иқлим, устуворӣ ва муҳити зист: аз манбаъ то баҳр, гуногунии биологӣ, иқлим, устуворӣ ва коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ (DRR);
Муколамаи интерактивии – 4. Об барои ҳамкорӣ: ҳамкориҳои фаромарзӣ ва байналмилалӣ оид ба об, ҳамкориҳои байнисоҳавӣ, аз ҷумла ҳамкориҳои илмӣ ва об дар саросари Рӯзномаи то соли 2030; ва
Муколамаи интерактивии – 5. Даҳсолаи амал оид ба об: суръат бахшидан ба татбиқи ҳадафҳои Даҳсола, аз ҷумла дар доираи Нақшаи амали Дабири кулли СММ;
Натиҷаҳои муколамаҳои интерактивӣ дар маросими пӯшидашавии Конфронс муаррифӣ карда мешаванд. Онҳо инчунин дар ҳуҷҷатҳои хотимавии Конфронси 3-юми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал оид ба об инъикос хоҳанд ёфт.
Форумҳо
Форумҳо қабл аз маросими ифтитоҳи Конфронс баргузор шуда, иштироки мақсадноки бахши хусусӣ, аҳли илм, занон, ҷавонон ва дигар гурӯҳҳои асосиро тибқи ҳадафҳои Конфронс таъмин хоҳанд кард. Ҳадафи Форумҳо эҷоди як платформаи иловагӣ барои муҳокимаи васеътари масъалаҳои марбут ба об дар байни категорияҳои муайяни ҷонибҳои манфиатдор ё дар минтақаҳои алоҳида мебошад. Форумҳо имкон медиҳанд, ки ҷонибҳои мухталифи манфиатдор, аз ҷумла занон, ҷавонон, мардуми таҳҷойӣ, гурӯҳҳои касбӣ, олимон, бахши хусусӣ ва дигарон дар татбиқи Рӯзномаи об бо таваҷҷӯҳ ба тақвияти фаъолият ва шарикӣ дар соҳаи об, сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҷалб карда шаванд.
Муҳокимаҳо, хулосаҳо ва қарорҳои воқеӣ ва мувофиқ метавонанд ба кори Конфронс ва баррасии Рӯзномаи рушди устувор барои то соли 2030, аз ҷумла Барномаи чаҳорчубавии суръатбахши ҲРУ 6-ум мусоидат кунанд.
Форумҳо ба ширкаткунандагон имкон медиҳанд, ки натиҷаҳои Конфронси оби СММ дар соли 2023 ва Конфронси 2-юми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал оид ба обро дар заминаи худ баррасӣ кунанд. Натиҷаҳои Форумҳо дар ҷаласаи ҷамъбастӣ пешниҳод карда мешаванд. Шартҳои техникии Форумҳо аз ҷониби Котиботи Конфронс таҳия карда мешаванд.
Сохтори Барнома
Барномаи Конфронси 3-юми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал оид ба об сохтори Конфронси оби СММ дар соли 2023, аз ҷумла ҷаласаҳои пленарӣ, панҷ муколамаи интерактивӣ, ки дар доираи онҳо муваффақияти аз Конфронси обии СММ дар соли 2023 бадастомада ҳамаҷониба баррасӣ хоҳанд шуд, форумҳо, чорабиниҳои канорӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, намоишгоҳҳо, нишасти матбуотӣ ва экскурсияҳоро дар бар мегирад.
Зеркашӣ намудан: БАРНОМА

