РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ
Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд
оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор", солҳои 2018-2028
10-13 Июни, 2024 сол
English | Русский | Тоҷикӣ
2024-06-10 09:00:00
Ҳуҷҷатҳо
  • Оид ба конфронс
    • Муқаддима
    • Ҳадафҳо
    • Замон ва макон
    • Иштирок
  • Барнома
    • Ҷаласаи пленарӣ
    • Муколамаҳои интерактивӣ
    • Форумҳо
    • Сохтори Барнома
  • Чорабиниҳо
    • Чорабиниҳои канорӣ
    • Чорабиниҳои фарҳангӣ
  • Экскурсия
  • Намоишгоҳ
  • Логистика
    • Маълумоти зарурӣ
    • Раводид ба Тоҷикистон
    • Аккредитатсияи ВАО
    • Хатсайрҳо
    • Меҳмонҳона
  • Оид ба конфронс
    • Муқаддима
    • Ҳадафҳо
    • Замон ва макон
    • Иштирок
  • Барнома
    • Ҷаласаи пленарӣ
    • Муколамаҳои интерактивӣ
    • Форумҳо
    • Сохтори Барнома
  • Чорабиниҳо
    • Чорабиниҳои канорӣ
    • Чорабиниҳои фарҳангӣ
  • Экскурсия
  • Намоишгоҳ
  • Логистика
    • Маълумоти зарурӣ
    • Раводид ба Тоҷикистон
    • Аккредитатсияи ВАО
    • Хатсайрҳо
    • Меҳмонҳона

Маълумоти зарурӣ

барои ҳайатҳои расмии

Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”солҳои 2018-2028

10-13 Июни соли 2024, ш.Душанбе

Зеркашӣ намудан: Маълумоти зарӯрӣ

Конфронс аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар шарикони рушд барои мусоидат дар татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028, ки тибқи Қатъномаи 71/222 Маҷмаи умумии СММ аз 21 декабри соли 2016 эълон гардидааст, ташкил гардидааст.

Ҳамоҳангсозии умумии Конфронс

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Котиботи Конфронс

Тел. (+992 37) 227 68 43

Факс. (+992 37) 221 02 59

Суроғаи электронӣ : secretariat@dushanbewaterprocess.org

Сана ва макон  

Конфронс аз 10 то 13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Маросими ифтитоҳи Конфронс рӯзи сешанбе 11 июни соли 2024, соати 09:00 дар Маҷмааи давлатии “Кохи Сомон”, воқеъ дар суроғаи: к. Рӯдакӣ, 122 баргузор хоҳад гашт.

Форумҳои Конфронс рузи душанбе 10 июни соли 2024 ташкил ва гузаронида мешаванд. Макони баргузории Форумҳо дар барномаҳои онҳо, наздик ба санаи баргузории Конфронс дар сомонаи расмии Конфронс тавассути истиноди:https://conf2024.dushanbewaterprocess.org/structure-of-the-program/#forums. дастрас хоҳад шуд.

Сомонаи Расмӣ

Тамоми маълумоти зарӯрӣ оид ба Конфронс дар сомонаи расмии Конфронс тавассути истиноди зерин дастрас мебошад: https://conf2024.dushanbewaterprocess.org/

Бақайдгирӣ  

Барои иштирок дар Конфронс Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои молиявӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, бахши хусусӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ҳавзаи дарёву кӯлҳо, ташкилотҳои занон, ҷавонон ва кӯдакон даъват карда мешаванд.

Ҳайатҳои расмӣ (шахсони расмӣ, ҳамроҳикунандагон, матбуот, амният)-ро мебояд дар сомонаи расмии Конфронс  бо пур кардани варақа бо дарҷи ном, вазифа, маълумоти муфассал дар бораи масир, парвоз, вақти омадан/баргашт, инчунин акси шахсӣ (андозаи 3×4) аз бақайдгирӣ гузаранд.

Ин маълумот инчунин бояд тавассути рҳҳои дипломатӣ тавассути нотаи дахлдори дипломатӣ ба суроғаҳои secretariat@dushanbewaterprocess.org ва protocol@mfa.tj ирсол карда шавад.

Муҳлатии ниҳоии бақайдгирӣ 20 майи соли 2024 соати 12:00 UTC.

Дастгирии Раводид

Барои сафар ба Тоҷикистон, раводид гирифтан лозим аст, ба истиснои иштироккунандагоне, ки шаҳрвандони кишварҳое мебошанд, ки бо Тоҷикистон созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба барои вуруди бераводид доранд.

Агар раводид гирифтан лозим бошад, Котиботи Конфронс ба иштироккунандагон тибқи дархост мактуб барои дастгирии раводид ирсол менамояд. Барои ин иштироккунандагонро мебояд пурсишномаро дар сомонаи www.visa.gov.tj пурра намоянд. Шаҳрвандони баъзе кишварҳо  метавонанд раводидро ҳангоми фуруд омадан ба Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дастрас намоянд. Шаҳрвандони дигар кишварҳоро мебояд пеш аз сафар раводидро аз сафоратхонаҳо ва ё шуъбаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дастрас намоянд.  Раводид барои иштироккунандагони Конфронс ройгон дода мешавад.

Ҳамчунин иштироккунандагоне, ки мехоҳанд пеш аз сафар раводиди электронӣ (визаи электронӣ) гиранд, бояд маблағи раводиди электрониро  ба андозаи 30 Доллари ИМА пардохт намоянд. Барои гирифтани он иштироккунандагонро мебояд варақаро дар сомонаи www.evisa.tj пур кунанд.

Меҳмоннавозӣ

Вобаста ба сатҳи иштироки ҳайатҳо дар Конфронс Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмоннавозӣ (иқомат,хӯрок, нақлиёти маҳаллӣ)-ро ба шакли зерин таъмин менамояд:

– Сардори давлат – 1+4

– Сарвазир / Котиби генералии СММ – 1+3

– Муовини Сарвазир – 1+2

– Вазир / Муовини Котиби генералии СММ – 1+1

– Роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла институтҳои байналмилалии молиявӣ– 1

– Дигар роҳбарони ҳайатҳои расмӣ  – 1

– Аъзои Кумитаи байналмилалии машваратӣ – 1

Маблағи зангҳои байналмилалӣ, факс, хушкашуйӣ, мини-бар ва дигар хизматрасониҳо аз ҷониби иштироккунанда пардохт карда мешавад.

Меҳмонони даъватгардида дар муҳлати муқарраршудаи (аз 9 то 14 июни соли 2024) бубубоши расмӣ дар Тоҷикистон бо манзили ройгон таъмин карда мешаванд. Аммо хароҷоти марбут ба будубош дар меҳмонхонаҳо пеш ва баъд аз муҳлати муқарраргардида бояд аз ҷониби ҳайат пардохт карда шаванд.

Воридшавӣ ва бозгашт

Барои тавассути каналҳои дипломатӣ дастрас намудани иҷозатнома  барои истифода аз ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фуруд омадан ба Фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе, шумо бояд пурсишномаро дар сомонаи https://mfa.tj/en/main/view/2087/state-protocol пур карда дархостро ба Раёсати протоколи давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи электронии  protocol@mfa.tj ирсол намоед.

Ташкилкунандагони Конфронс меҳмонони олимақом ва шахсони онҳоро ҳамроҳикунандаро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе тавассути толорҳои CIP ва VIP пешвоз хоҳанд гирифт.

Амният

Дар ҳолати шахси муҳофизатшавандаро бо силоҳ ҳамроҳӣ намудани намояндагони амнияти давлати хориҷӣ намояндагии дипломатӣ ба Раёсати протоколи давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон protocol@mfa.tj нотаи расмӣ бо дархости таъмини бехатарии шахси ҳифзшаванда ирсол намуда, иҷозатнома барои ворид намудан, бо худ гардонидан ва баровардани аслиҳа аз ҷониби намояндагони амнияти давлати хоричӣ на дертар аз даҳ рӯзи корӣ пеш аз сафар гирифта шавад.

Кормандони хадамоти махсуси хориҷие, ки ба Тоҷикистон бо силоҳ меоянд, бояд ҳамеша бо худ иҷозатномаи барои ворид/содир намудани силоҳ ба/аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, дошта бошанд.

Аккредитатсия барои ВАО

Хабарнигорони хориҷӣ, аз ҷумла нафароне, ки сарони ҳайатҳоро щамрощь менамоянд, барои инъикоси кори Конфронс бояд аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия гиранд. Бинобар ин хоҳишмандонро мебояд то санаи 20 майи соли 2014 ба суроғаи электронии Раёсати иттилоот ва нашри Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон informdepartment@mfa.tj  маълумот ирсол намоянд.

Вуруди намояндагони ВАО ба чорабиниҳои расмӣ тибқи рӯйхат ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият сурат мегирад.

Ҷойгиркунӣ дар меҳмонхонаҳо

Ҳайатҳои кишварҳои узв ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар қароргоҳи ҳукуматӣ (Дача) тибқи низоми муқарраргардида ройгон ҷойгир карда мешаванд.  Ҳайъатҳо ҳамчунин метавонанд дар меҳмонхонаҳои наздиктарин ҷойгир карда шаванд.

Иштироккунандагони дигар, ки ба формати меҳмоннавозии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид нестанд, метавонанд тибқи дархости ҳайъатҳо дар меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе аз ҷониби Котиботи Конфронс ҷойгир карда шаванд.

Нақлиёти маҳаллӣ

Барои ҳайъатҳо аз фурудгоҳ то меҳмонхона ва баръакс нақлиёт таъмин карда мешавад. Барои интиқоли иштироккунандагон аз меҳмонхонаҳои маъмул то макони баргузории Конфронс ва баръакс наклиёт (шатл) таъмин карда мешавад.

Забон

Забони кории Конфронс забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ буда тарҷумаи синхронӣ низ ташкил карда мешавад. Агар роҳбари ҳайъат бо забони дигар баромад ва рунамоӣ дошта бошад, бояд тарҷумони худро таъмин намояд.

Суханрониҳо

Сарони ҳайатҳои расмӣ барои суханронӣ (то 5 дақиқа) дар ҷаласаи пленарии Конфронси сатҳи баланд, ки 11 июн аз соати 11:00 то 13:00 ва 12 июн аз соати 09:00 то 10:00 идома меёбад, даъват карда мешаванд. Имконияти ба таври маҷозӣ суханронӣ кардан танҳо ба Сарони давлатҳо ва кишварҳои аъзои СММ дода мешавад.

Кумтаи тадорукотӣ миннатдор хоҳад буд, агар маърӯзаҳо ба натиҷаҳои дар доираи Даҳсолаи амал оид ба об бадастомада, аз ҷумла ба татбиқи ҳамон амалҳо ва шарикие, ки аз ҷониби ҳайъатҳо дар доираи Конфронси дуюми Даҳсолаи амал оид ба оби Душанбе дар соли 2022 ва Рӯзномаи амал оид ба оби Конфронси СММ оид ба об дар соли 2023 эълон шуда буданд, тамаркуз карда шаванд.

Аз баромадкунандагони эҳтимолӣ изҳори хоҳиш карда мешавад, ки ба даъватнома барои суханронӣ кардан тавассути роҳҳои дипломатӣ ва ба суроғаи электронии secretariat@dushanbewaterprocess.org ҷавоб гардонанд. Руйхати баромадкунандагон мувофиқи он тартиб дода мешавад.

Формати Конфронс

Конфронс ба тарзи ҳузурӣ баргузор гардида, имконият барои пайвастани маҷозӣ маҳдуд хоҳад буд. Ба иштирок ба тарзи ҳузурӣ афзалият дода мешавад.

Имконияти иштироки маҷозии “фаъол” бо имкони суханронӣ, иштирок дар мубоҳисаҳо, ҷаласаҳои мавзӯӣ ва форумҳои конфронс ба шумораи ками иштирокчиёни инфиродӣ тибки дархостҳои пешакии бо ташкилкунандагони чорабиниҳо мувофиқашуда дода мешавад. Дигар иштироккунандагон метавонанд ба сессияҳо ба таври ширкаткунандагони “ғайрифаъол” пайваст шаванд.

Чорабиниҳои фарҳангӣ  

Дар доираи Конфронс баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ дар назар дошта шудааст, ки дар онҳо иштирокчиёни Конфронс имкони беҳамтои шиносоӣ бо шаклҳои гуногуни мероси фарҳангии қадимии халқи тоҷик пайдо менамоянд. Дар чорабиниҳо ҷабҳаҳои фарҳангӣ ва анъанавии ҳама минтақаҳои Тоҷикистон пешкаш карда мешаванд, ки асолат ва нотакрор будани фарҳанг, анъана, расму оин, ҳунар ва санъати иҷроиши онҳоро намоиш медихад.

Гуруҳҳои мусиқинавозони халқӣ аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон иштироккунандагони Конфронсро дар давоми шом бо намоишҳои ҷолиб шод хоҳанд кард. Дар баробари ин, иштироккунандагони ин шоми фарҳангӣ имконияти ошно гардидан бо хӯрокҳои миллии тоҷикиро пайдо менамоянд.

Санаи сайёҳат 13 июни соли 2024, аз соати 09:00 муқаррар гардидааст.

Маълумоти муфассал оид ба ин чорабиниҳо дар сомонаи Конфронс бо истиноди: https://conf2024.dushanbewaterprocess.org дастрас мебошад.

Вохӯриҳои дуҷониба

Барои баргузор намудани вохӯриҳои дуҷонибаи ҳайъатҳои расмӣ дар маҷмааи давлатии “Кохи Сомон” тибқи дархост шумораи маҳдуди ҳуҷраҳо омода карда мешаванд, ки аз рӯйи тартиби қабули аризаҳо барои гузаронидани вохӯриҳо пешниҳод карда мешаванд.

Намоишгоҳ  

Иштикоккунандагони Конфронс метавонанд аз Намоишгоҳи байналмилалӣ таҳти унвони “Нигоҳи нав ба арзиши об”, ки дар доираи Конфронс дар маҷмааи давлатии “Кохи Сомон” ташкил гардиданд, дидан намоянд. Ҳамчунин, дар маҷмааи давлатии “Кохи Истиқлол” низ намоишгоҳ бахшида ба маҳсулоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ташкил карда мешаванд.

Шахсони ҳамроҳикунанда

Ба ҳар як ҳайатҳои расмӣ аз ҷониби Котиботи Конфронс шахсони ҳамроҳикунанда масъул карда мешаванд, ки дар тамоми давраи будубоши ҳайъатҳо дар Тоҷикистон мусоидат ва кӯмак хоҳанд кард. Котиботи Конфронс маълумоти иловагӣ, аз ҷумла ному насаб ва маълумоти шахсони масъулро пешниҳод хоҳад кард.

Ҳизматрасониҳои тиббӣ

Дар ҳолати зарурӣ ба иштироккунандагон дар меҳмонхонаҳои аз ҷониби ташкилкунандагони Конфронс пешниҳодшуда ва дар макони баргузории Конфронс ёрии аввалияи тиббӣ расонида мешавад.

Мубодилаи асъор  

Асъори расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “сомонӣ” мебошад. Маълумот дар бораи қурби асъор дар сомонаи расмии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истиноди www.nbt.tj дастрас мебошад. Нуқтаҳои махсуси мубодилаи асъор дар бонкҳо, меҳмонхонаҳо ва фурудгоҳ дастрас мебошад. Банкоматҳо низ дар бонкҳо, меҳмонхонаҳо ва нуқтаҳои фуруши молу маҳсулот дастрас мебошанд.

Обу ҳаво 

Иқлими Душанбе субтропикии континенталӣ буда, тобистонаш хушк ва гарм аст. Дар мохи июн ҳаво рузона одатан то 25—350С гарм мешавад.

Вақти маҳалӣ

Душанбе дар минтақаи вақти аз рӯи GMT+5 ҷойгир аст.

Ширкатҳои ҳавопаймоӣ   

Парвозҳои мунтазами байналмиллалӣ ба Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе аз шаҳрҳои зерин анҷом дода мешаванд: Алмаато, Дубай, Истамбул, Ҷидда, Мюнхен, Маскав, Санкт-Петербург, Теҳрон, Машҳад, Деҳлии Нав, Қувайт, Боку, Урумчӣ, Тошканд ва ғайра.  Маълумоти муфассалро оид ба хатсайрҳои байналмилалӣ метавон аз сомонаи Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе бо истиноди http://airport.tj/into/en/ пайдо намуд. Интиқоли ҳавоӣ аз ҷониби ҳамлу нақлҳои миллӣ ва байналмилалӣ амалӣ карда мешаванд.

Бо мо тамос гиред:
Телефон: +992 (37) 227-68-43
E-mail: secretariat@dushanbewaterprocess.org