РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ
Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд
оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор", солҳои 2018-2028
10-13 Июни, 2024 сол
English | Русский | Тоҷикӣ
2024-06-10 09:00:00
Ҳуҷҷатҳо
  • Оид ба конфронс
    • Муқаддима
    • Ҳадафҳо
    • Замон ва макон
    • Иштирок
  • Барнома
    • Ҷаласаи пленарӣ
    • Муколамаҳои интерактивӣ
    • Форумҳо
    • Сохтори Барнома
  • Чорабиниҳо
    • Чорабиниҳои канорӣ
    • Чорабиниҳои фарҳангӣ
  • Экскурсия
  • Намоишгоҳ
  • Логистика
    • Маълумоти зарурӣ
    • Раводид ба Тоҷикистон
    • Аккредитатсияи ВАО
    • Хатсайрҳо
    • Меҳмонҳона
  • Оид ба конфронс
    • Муқаддима
    • Ҳадафҳо
    • Замон ва макон
    • Иштирок
  • Барнома
    • Ҷаласаи пленарӣ
    • Муколамаҳои интерактивӣ
    • Форумҳо
    • Сохтори Барнома
  • Чорабиниҳо
    • Чорабиниҳои канорӣ
    • Чорабиниҳои фарҳангӣ
  • Экскурсия
  • Намоишгоҳ
  • Логистика
    • Маълумоти зарурӣ
    • Раводид ба Тоҷикистон
    • Аккредитатсияи ВАО
    • Хатсайрҳо
    • Меҳмонҳона

Намоишгоҳ

«Нигоҳи нав ба  арзиши об»

Намоишгоҳи байналмилалии  «Нигоҳи нав ба арзиши об» дар чаҳорчӯби Конфронси 3-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баргузор мешавад.

Ҳадаф аз баргузор намудани Намоишгоҳ баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ аз тадбирҳои андешидашуда ва пешравиҳо дар самти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 ва натиҷаҳои Конфронси оби СММ дар соли 2023, аз ҷумла Рӯзномаи амал дар соҳаи об мебошад. Барои ноил шудан ба ин дар Намоишгоҳ донишҳои пешқадам, таҷрибаҳои беҳтарин ва комёбиҳои илм дар соҳаи хоҷагии об намоиш дода мешавад.

Илова бар ин, Намоишгоҳ ба таҳким ва рушди минбаъдаи ҳамкории ҷонибҳои манфиатдор, ҷорӣ намудани роҳҳои иноватсионӣ, усулҳо, техника ва технологияҳои устувори идоракунии захираҳои об, ва ҳамчунин ба роҳ мондани муносибатҳои кории зич байни ҷонибҳои гуногуни манфиатдор равона шудааст.

Мавзӯи умумии намоишгоҳ «Нигоҳи нав ба арзиши об» мебошад. Он ба масъалаҳои зерин таваҷҷӯҳ хоҳад кард:

  • Ҳамкорӣ дар соҳаи об дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ;
  • Идоракунии ҳамироёнаи захираҳои об;
  • Пешгирӣ ва идоракунии офатҳои марбут ба об;
  • Таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об;
  • Рушди гидроэнергетика ҳамчун манбаи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва барқароршавандаи энергия;
  • Ҷорӣ намудани техналогияҳои сарфакунандаи об ва ғ.

Барои иштирок дар намоишгоҳ созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, мақомоти миллӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, ширкатҳои хусусӣ, муассисаҳои илмӣ ва тадқиқотӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор даъват мешаванд.

Барои иштирок дар намоишгоҳ, шумо бояд варақаи Бақайдгириро пур карда, онро то 1 апрели соли 2024 ба Котиботи Конфронс пешниҳод намоед. Котибот дар бораи қабули дархост иштирокчиро дар давоми панҷ рӯзи пешниҳоди ариза огоҳ мекунад.

Илова бар ин, иштирокчиёни Конфронс имкони дидан аз намоишгоҳи ЭКСПО Душанберо доранд. Ин намоишгоҳ минбари намоиши иқтидори тиҷоративу иқтисодӣ ва истеҳсолии Тоҷикистон мебошад.

Дар намоишгоҳи ЭКСПО Душанбе молу хидматрасонӣ аз бахшҳои мухталифи саноат, кишоварзӣ, гардишгарӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешаванд. Иштирокчиёни намоишгоҳ метавонанд бо навтарин дастовардҳои корхонаҳои Тоҷикистон шинос шаванд, инчунин бо шарикони эҳтимолӣ робитаҳои корӣ барқарор кунанд.

ВАРАҚАИ ДАРХОСТӢ барои иштирок дар Намоишгоҳ

СУПОРИШИ ТЕХНИКӢ барои иштирок дар Намоишгоҳ

Бо мо тамос гиред:
Телефон: +992 (37) 227-68-43
E-mail: secretariat@dushanbewaterprocess.org