РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ
Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд
оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор", солҳои 2018-2028
10-13 Июни, 2024 сол
English | Русский | Тоҷикӣ
2024-06-10 09:00:00
Ҳуҷҷатҳо
  • Оид ба конфронс
    • Муқаддима
    • Ҳадафҳо
    • Замон ва макон
    • Иштирок
  • Барнома
    • Ҷаласаи пленарӣ
    • Муколамаҳои интерактивӣ
    • Форумҳо
    • Сохтори Барнома
  • Чорабиниҳо
    • Чорабиниҳои канорӣ
    • Чорабиниҳои фарҳангӣ
  • Экскурсия
  • Намоишгоҳ
  • Логистика
    • Маълумоти зарурӣ
    • Раводид ба Тоҷикистон
    • Аккредитатсияи ВАО
    • Хатсайрҳо
    • Меҳмонҳона
  • Оид ба конфронс
    • Муқаддима
    • Ҳадафҳо
    • Замон ва макон
    • Иштирок
  • Барнома
    • Ҷаласаи пленарӣ
    • Муколамаҳои интерактивӣ
    • Форумҳо
    • Сохтори Барнома
  • Чорабиниҳо
    • Чорабиниҳои канорӣ
    • Чорабиниҳои фарҳангӣ
  • Экскурсия
  • Намоишгоҳ
  • Логистика
    • Маълумоти зарурӣ
    • Раводид ба Тоҷикистон
    • Аккредитатсияи ВАО
    • Хатсайрҳо
    • Меҳмонҳона

Самтҳои сайёҳӣ

Бозгашт ба барнома
  • ШАҲРИ ДУШАНБЕ
  • ҚАЛЪАИ ҲИСОР
  • НБО-и НОРАК
  • ДАРАИ СИЁМА
  • НБО-и РОҒУН
  • ДАРАИ РОМИТ
  • САФЕД-ДАРА

ШАҲРИ ДУШАНБЕ

 САЁҲАТ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Тавсифи макон: Душанбеи муосир шаҳрест, ки дар он фазои шарқи афсонавӣ эҳсос гардида, ҳамзамон маркази фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар ба шумор меравад. Шаҳр дар маркази водии Ҳисор дар баландии беш аз 930 метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда, аз шимолу шарқ бо доманаҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор иҳота шуда, дар ҷануб бо дарёи Кофирниҳон ҳамсарҳад аст.

Душанбе аз соли 1929 то соли 1961 номи Сталинободро дошт. Дар таърих, аввалин маротиба номи ин макон (Душанбе) дар охири соли 1676 қайд гардидааст. Шаҳр дар калонтарин воҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ, дар ду соҳили дарёи Варзоб (дар дохили шаҳри “Душанбинка” номида мешавад), ки аз обҳои барфу пиряхҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор – як қисми системаи куҳии азими Помиру Олой таъмин мегардад, ҷойгир мебошад. Дар қисмати болоии дарёи Варзоб то 120 пирях мавҷуд буда, микроиклимати мусоид ба вуҷуд меоварад.

Ба шарофати ин сокинони шаҳр метавонанд аз иқлими нисбатан нармтар аз дигар минтақаҳо баҳра баранд ва дарёи Варзоб бошад, дар навбати худ мардуми шаҳрро бо оби ошомиданӣ таъмин карда, боғу киштзорҳоро обшор мекунад. Душанбе, ки сад сол муқаддам дар ҷои як деҳа барпо карда шуда буд, айни замон ба талаботи ҳаёти шаҳрнишини имруза пурра чавобгӯ мебошад.

Яке аз шоҳроҳҳои асосии шаҳр хиёбони Рудакӣ мебошад, ки ба номи асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абуабдуллоҳи Рудакӣ номгузорӣ гардидааст. Ин хиёбон аз ҷануб ба шимол ба масофаи 12 километр тул кашида, ба сокинон ва меҳмонони шаҳр имкон медиҳад, ки бо маконҳои ҷолиби дидани маркази шаҳр, меъмориҳои навин, муассисаҳои маъмурию маъданӣ, муассисаҳои таълимӣ, театрҳо, меҳмонхонаҳо ва ошхонаҳо ошно гарданд.

Майдони марказии шаҳрро Маҷмааи ёдгорӣ бахшида ба 1100-солагии Давлати Сомониён бо пайкараи Исмоили Сомонӣ, асосгузори нахустин давлати тоҷикон дар асрҳои 9–10 оро дода шудааст.

Давомнокии сайёҳат: 8 соат

Ғизо: хӯроки нисфирӯзӣ

Либос: либоси озод

Шумораи иштироккунандагон: аз 10 нафар

Макони вохӯрии гурӯҳ: майдони назди Театри Опера ва Балети шаҳри Душанбе то  соати 09:15.

Чадҷвали сайёҳат:   

09:30-13:00 Оғози сайёҳат дар шаҳри Душанбе, бо дидан намудан аз як қатор маконҳои ҷолиб:

  • Майдони асосии шаҳри Душанбе ва муҷассамаи 40- метраи Исмоили Сомонӣ, ки ба ифтихори Исмоили Сомонӣ асосгузори сулолаи Сомониён – аввалин давлати тоҷикон сохта шудааст;
  • Сутуни парчам, ки яке аз баландтарин дар чаҳон (165 метр) буда, парчами кишвар дар болои он чилва мекунад;
  • Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар он маҷмӯаҳои осори таърихии замонҳои қадим, асрҳои миёна ва экспонатҳои таърихи муосир дар толорҳои сершумор ба намоиш гузошта шудаанд; Махсусан калонтарин экспонати дорои аҳамияти чаҳонӣ аз коллексияи музей — ҳайкали Буддо дар Нирвана;

13:00-14:00 – Хуроки нисфирӯзӣ дар тарабхонаи «Маркази ош».

14:00-17:00 – боздид аз «Кохи Навруз»;

  • Корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикани «Сиёма»;
  • бозори Меҳргон;
  • Боғи Ғалаба, ки манзараи пурраи шаҳрро ба пуррагӣ пешкаш мекунад.

17:15   -Бозгашт ба меҳмонхона.

Агар шумо, барои иштирок дар ин самти сайёҳӣ ҳавасманд бошед, лутфан тавассути истиноди зерин аз бақайдгирӣ гузаред: Бақайдгирӣ

Китобхонаи миллӣКитобхонаи миллӣ
Кохи НаврӯзКохи Наврӯз
Кохи НаврӯзКохи Наврӯз
Кохи НаврӯзКохи Наврӯз

ҚАЛЪАИ ҲИСОР

САЁҲАТ БА ҚАЛЪАИ ҲИСОР

Тавсифи макон: Қалъаи Ҳисор қароргоҳи тобистонаи амирони Бухоро буда, дар асри 17 сохта шуда, дар асри 19 сохтмонаш ба пуррагӣ ба итмом расидааст. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1918—1933 қалъа қариб тамоман хароб шуда буд. Қисман дар соли 1982 ва қисмати дигараш соли 2002 барқарор карда шудааст.

Қалъаи Ҳисор таърихи 3000-сола дошта, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил карда шудааст. Қалъа дар масофаи 20 км аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Деворҳои қалъа 1 метр ғафсӣ дошта, дар он барои милтиқҳо ва тупҳо сурохиҳои махсус ҷойгир карда шуда, дар нишебии теппаи баланд мунтазам  бо посбонҳо назорат карда мешуданд. Дар дохили он ҳавзи шиноварӣ ва боғ мавҷуд буд. Дар рӯ ба рӯи қалъа майдони бозор, ки корвонсарой ва дӯконҳои зиёд дошт, фаъолият мекардааст. То даромадгоҳи асосии қалъа зинапояҳои калон ва айвонҳои хиштпуш ороста шуда буданд. Мутаассифона, онҳо низ ба монанди бинои қаср то имрӯз боқӣ намондаанд. Ягона чизе, ки аз қалъа боқӣ мондааст, дарвоза- муҷассамаи аз хишти пухта сохташуда, дорои ду манораи силиндрӣ мебошад ва дар байни онҳо камари сутундор мавҷуд аст, ки аксари дарвозаҳои Бухоро дар асрҳои 18–19 ба ҳамин тавр сохта мешудаанд. Вале ҳарчизе ки боқи мондааст, имрӯз бисёр боҳашаммат ва таъсирбахш ба назар мерасад.

Дар охири солҳои ҳаштодуми асри 20 дар Ҳисор мамнуъгоҳи нодири таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла қалъаи Ҳисор (2500 сола), Регистон (майдони пеши қалъа), мадрасаи кӯҳна (асри XVI) мадрасаи нав, Корвонсарой (мехмонхона), масҷиди «Чашмаи Моҳиён» (асри 8), масҷиди «Сангин», мақбараи «Махдуми Аъзам» (асри 16), Осорхонаи таърихие, ки дар бинои мадрасаи кухна вокеъ аст, бунёд гардидаанд. Дар осорхона ёдгориҳо ва экспонатҳои нодире (зиёда аз 3200 намуна), ки дар рафти кофтуковҳо дар шаҳри Ҳисор ва берун аз он пайдо шудаанд, намоиш дода мешаванд.

Давомнокии сайёҳат: 6 соат.

Ғизо: хӯроки нисфирӯзӣ

Либос: озод

Шумораи  ширкаткунандагон: зиёда аз 10 нафар

Макони вохӯрии гуруҳ: майдони назди Театри Опера ва Балети  шаҳри Душанбе то соати  09:15.

Ҷадвали сафар:                                                                                      

09.30: Ҳаракат аз шаҳри Душанбе- ба осоишгоҳи «Шамбарӣ» – Қалъаи Ҳисор – давомнокии сафар дар роҳ 1 соат.

10.00-11.20:  Боздид аз ҳудуди осоишгоҳ ва шиносоӣ бо намудҳои инфрасохтор ва табобат.

12.00-14.00:  Хӯроки нисфирӯзӣ дар тарабхонаи  «Шаршара»

14.15-16.15:  Боздид аз Қалъаи Ҳисор

16:30-17.00:  Бозгашт ба шаҳри Душанбе

Агар шумо, барои иштирок дар ин самти сайёҳӣ ҳавасманд бошед, лутфан тавассути истиноди зерин аз бақайдгирӣ гузаред: Бақайдгирӣ

Қалъаи ҲисорҚалъаи Ҳисор
Қалъаи ҲисорҚалъаи Ҳисор
Қалъаи ҲисорҚалъаи Ҳисор
Қалъаи ҲисорҚалъаи Ҳисор

НБО-и НОРАК

САЁҲАТ ДАР НОРАК

Тавсифи макон:  Норак шаҳрест, ки дар 70-ум километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе воқеъ буда, ҳудуди 29 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Шаҳр соли 1960 дар маҳалли деҳаи Норак бо оғози сохтмони сарбанди Норак таъсис ёфтааст.

Ин шаҳри хурдакаки энергетикҳо, ки онро аз ҳар тараф куҳҳо иҳота кардаанд, хусусан, бегоҳ ҳангоме ки чароғҳои сершумори тирезаҳои хонаҳо дараи байни куҳҳоро якбора равшан мекунанд, зебогии махсус дорад. Яке аз маконҳои ҷолиби диққати шаҳри Норак Нерӯгоҳи барқи обии Норак –баландтарин сарбанди ҷаҳон, яке аз 30 нерӯгоҳи барқи обии пуриқтидортарин дар сайёра мебошад, ба шумор меравад.

Обанборе, ки бо сарбанд сохта шудааст, таваҷҷуҳи меҳмонони зиёдеро ҷалб намудааст. Бо киштӣ шино намудан дар обанбори Норак ва  зебоии тасвирнашавандаи манзараи куҳистон, ки дар мобайни он обанбори азим, бо масоҳати 98 метри мураббаъ ва дарозии 70 км  ҷойгир гардидааст, бининдаро ба ваҷд меоварад.

Табиат ва инсон шоҳасарҳои воқеиро эҷод мекунанд, ки касро барои дубора баргаштан ҳавасманд менамоянд.  Дар ин ҷо, дар байни қуллаҳои кӯҳистони Тоҷикистон нерӯгоҳи барқи обии Норак – пуриқтидортарин нерӯгоҳи барқи обии Осиёи Марказӣ ҷойгир аст, ки баландии он аз сатҳи баҳр 304 метрро ташкил менамояд ва ба Китоби рекордҳои Гиннес дохил мешавад.

Обанбор, дар байни сайёҳон ба туфайли имкони бо киштӣ сайр намудан дар он ва лаззат бурдан аз манзараҳои зебои дараи бо қуллаҳои барфпӯш иҳоташуда машҳуру маъмул гардидааст. Гарчанде ки дар атрофи обанбор соҳилҳои хокӣ вуҷуд надоранд, дар атрофи обанбор хонаҳои шинокунандаро ёфтан мумкин аст, ки барои шиноварон ва сайёҳон шароити мусоид барои истироҳат ва шиноварӣ муҳайё менамоянд.

Давомнокии сайёҳат: 8 соат.

Ғизо: хуроки нисфирузӣ

Либос: озод

Шумораи ширкаткунандагон: аз 10 нафар.

Макони вохӯрии гурӯҳ: майдони назди Театри Опера ва Балети шаҳри Душанбе то  соати 09:15.

Ҷадвали сайёҳат:     

09.30: Ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Норак – 71 км, давомнокии ҳаракат дар роҳ  1,5 соат

11.00-12.30: Боздид аз сарбанди НБО-и Норак, сарбанд ва макони тамошобоби он

13.00-15.00: Хӯроки нисфирӯзӣ

15.00-16.30: Бозгашт ба шаҳри Душанбе

Агар шумо, барои иштирок дар ин самти сайёҳӣ ҳавасманд бошед, лутфан тавассути истиноди зерин аз бақайдгирӣ гузаред: Бақайдгирӣ

НБО НоракНБО Норак
НБО НоракНБО Норак
НБО НоракНБО Норак

САЁҲАТ ДАР НОРАК

Тавсифи макон:  Норак шаҳрест, ки дар 70-ум километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе воқеъ буда, ҳудуди 29 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Шаҳр соли 1960 дар маҳалли деҳаи Норак бо оғози сохтмони сарбанди Норак таъсис ёфтааст.

Ин шаҳри хурдакаки энергетикҳо, ки онро аз ҳар тараф куҳҳо иҳота кардаанд, хусусан, бегоҳ ҳангоме ки чароғҳои сершумори тирезаҳои хонаҳо дараи байни куҳҳоро якбора равшан мекунанд, зебогии махсус дорад. Яке аз маконҳои ҷолиби диққати шаҳри Норак Нерӯгоҳи барқи обии Норак –баландтарин сарбанди ҷаҳон, яке аз 30 нерӯгоҳи барқи обии пуриқтидортарин дар сайёра мебошад, ба шумор меравад.

Обанборе, ки бо сарбанд сохта шудааст, таваҷҷуҳи меҳмонони зиёдеро ҷалб намудааст. Бо киштӣ шино намудан дар обанбори Норак ва  зебоии тасвирнашавандаи манзараи куҳистон, ки дар мобайни он обанбори азим, бо масоҳати 98 метри мураббаъ ва дарозии 70 км  ҷойгир гардидааст, бининдаро ба ваҷд меоварад.

Табиат ва инсон шоҳасарҳои воқеиро эҷод мекунанд, ки касро барои дубора баргаштан ҳавасманд менамоянд.  Дар ин ҷо, дар байни қуллаҳои кӯҳистони Тоҷикистон нерӯгоҳи барқи обии Норак – пуриқтидортарин нерӯгоҳи барқи обии Осиёи Марказӣ ҷойгир аст, ки баландии он аз сатҳи баҳр 304 метрро ташкил менамояд ва ба Китоби рекордҳои Гиннес дохил мешавад.

Обанбор, дар байни сайёҳон ба туфайли имкони бо киштӣ сайр намудан дар он ва лаззат бурдан аз манзараҳои зебои дараи бо қуллаҳои барфпӯш иҳоташуда машҳуру маъмул гардидааст. Гарчанде ки дар атрофи обанбор соҳилҳои хокӣ вуҷуд надоранд, дар атрофи обанбор хонаҳои шинокунандаро ёфтан мумкин аст, ки барои шиноварон ва сайёҳон шароити мусоид барои истироҳат ва шиноварӣ муҳайё менамоянд.

Давомнокии сайёҳат: 8 соат.

Ғизо: хуроки нисфирузӣ

Либос: озод

Шумораи ширкаткунандагон: аз 10 нафар.

Макони вохӯрии гурӯҳ: майдони назди Театри Опера ва Балети шаҳри Душанбе то  соати 09:15.

Ҷадвали сайёҳат:     

09.30: Ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Норак – 71 км, давомнокии ҳаракат дар роҳ  1,5 соат

11.00-12.30: Боздид аз сарбанди НБО-и Норак, сарбанд ва макони тамошобоби он

13.00-15.00: Хӯроки нисфирӯзӣ

15.00-16.30: Бозгашт ба шаҳри Душанбе

Агар шумо, барои иштирок дар ин самти сайёҳӣ ҳавасманд бошед, лутфан тавассути истиноди зерин аз бақайдгирӣ гузаред: Бақайдгирӣ

Рогунская ГЭСРогунская ГЭС
Нурекский резервуарНурекский резервуар

ДАРАИ СИЁМА

 САЁҲАТ БА ДАРАИ СИЁМА, БОЛООБИ ДАРАИ ВАРЗОБ

Тавсифи макон: Дараи Сиёма, ки дар водии хушманзараи Варзоб, куҳҳои Фони Тоҷикистон вокеъ аст, барои дустдорони табиат биҳишти ҳақиқиеро мемонад. Дарёи Сиёма, ки дар байни қуллаҳои санглох ҷӯш мезанад, бо марғзорҳои сарсабз, ки дар соҳили он ҷойгиранд, тафовути ҳайратангез ба вуҷуд меорад.

Меҳмонон метавонанд масири худро аз пайраҳаҳои гуногуне, ки дар соҳили дарё давом ёфта, то ба кӯҳҳо мебаранд, интихоб намоянд. Барои онҳое, ки дӯстдори сайёҳати куҳӣ ҳастанд, сайру гаштҳои бисёррӯза бо истироҳати шабона дар зери ситораҳо ва манзараҳои панорамавии ҳайратангез низ дастрасанд. Дараи Сиёма инчунин кӯҳнавардонро ба худ ҷалб мекунад ва роҳҳои зиёди душворгузари гуногунро дар қуллаҳои гранитӣ пешниҳод мекунад.

Боигарии олами набототи дараи Сиёма, ки аз дарахтону буттазорҳо, гулҳои худруйе, ки дар фасли гармо мешукуфанд, ва дар баландиҳо онҳоро чангалҳои сузанбарг иваз менамоянд, ташкил медиҳад.

Дараи Сиёма барои орнитологҳо макони беназир хоҳад буд: дар ин ҷо уқобу лочин ва дигар паррандаҳои даррандаро вохурдан мумкин аст. Дар гӯшаҳои дурдасттари дара дӯстдорони олами ҳайвоноти ваҳшӣ бузҳои кӯҳӣ, гург ва ҳатто бабри барфии дастнорасро пайдо карда метавонанд.

Дараи Сиёма дар 54 километрии шоҳроҳи Варзоб ҷойгир аст. Дарёи Сиёма аз баландии 1782 метр аз сатҳи баҳр (аз омезиши дарёи Варзоб) оғоз шуда, дар болооб то 3000-3200 метрро ташкил медиҳад. Сокинони маҳаллӣ дараи Сиёмаро ҳамчун макони истироҳат аз ғавғои шаҳр арзёбӣ мекунанд, ки дар оғуши табиат оромӣ пайдо мекунанд.

Новобаста аз он ки шумо як сайри кӯтоҳ ё чандрӯза, кӯҳнавардии душвор ё танҳо сайругашт дар байни ҷангалро афзалтар шуморед, дараи Сиёма ба шумо таҷрибаи фаромӯшнашавандаи зебоиҳои табиии Тоҷикистонро медиҳад ва ба шумо имкон медиҳад, ки худро дар ҷаҳони ҷолиби наботот ва ҳайвоноти он ғарқ кунед.

Давомнокии сайёҳат: 7- 8 соат.

Ғизо: хӯроки нисфирӯзӣ

Либос: Дар ҳолати боришоти ногаҳонӣ бо худ либоси руйпуши сабук ва ё боронӣ доштанатон зарур аст. Пойафзоли барои кӯҳнаварди мувофиқро интихоб намоед.

Шумораи иштироккунандагон: аз 10 нафар

Макони вохӯрии гурӯҳ: майдони назди Театри Опера ва Балети шаҳри Душанбе то  соати 09:15.

Ҷадвали сайёҳат:

09.30: ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти дараи Сиёма, то пул – 54 км, давомнокии ҳаракат дар роҳ 1 соат

10.30-12.00: аз купрук гузашта, ба як самт 6 километр сайру гашт кардан (Пайроҳа қад-қади маҷрои дарё мегузарад, вале баъзан ба нишеби баромадан лозим меояд.)

12.00-14.00: хӯроки нисфирӯзӣ ва истироҳат дар табиат

14.00-15.30: сайр то ба назди пул

15.30-16.30: Бозгашт ба шаҳри Душанбе

Агар шумо, барои иштирок дар ин самти сайёҳӣ ҳавасманд бошед, лутфан тавассути истиноди зерин аз бақайдгирӣ гузаред: Бақайдгирӣ

СиёмаСиёма
СиёмаСиёма
СиёмаСиёма
СиёмаСиёма

НБО-и РОҒУН

CАЁҲАТ БА РОҒУН

Тавсифи макон: Роғун шаҳрест, дар водии дарёи Вахш. Масоҳати умумии он 661 км² буда, бо ноҳияи Файзобод, шаҳри Ваҳдат, Нуробод ва Балҷувон ҳамсарҳад мебошад.

Масофа аз маркази шаҳри Роғун то шаҳри Душанбе 110 километр роҳро ташкил менамояд.  Роғун 0,5%-и қаламрави кишварро ишғол намуда, се ҷамоат: деҳаи Обигарм, деҳаи Қадиоб ва деҳаи Сичароғро дар бар мегирад. Шаҳр дорои захираҳои бой ва инфрасохтори пешрафта мебошад. Аз ҷумлаи мавзеъҳои муҳими соҳаи сайёҳии шаҳр осоишгоҳи Оби Гарм, Осорхонаи марказии Роғун ва чашмаи шифобахши Муллошайх мебошанд.

Аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дар ҳудуди шаҳр 41 қуллаи зебои кӯҳӣ, 150 чашмаи табиӣ, 11 дарёи тоза ва 4 кӯл мавҷуд аст. Дар ҳудуди он зиёда аз 30 макони ҷолиби сайёҳӣ, аз ҷумла Обанбори нерӯгоҳи барқи обии Роғун мавҷуд аст.

НБО “Роғун” – нерӯгоҳи барқи обиест, ки дар дарёи Вахш сохта шуда истода, як қисмати силсилаи обанборҳои дарёи Вахшро ташкил медиҳад. Пас аз анҷоми лоиҳа сарбанди неругоҳи барқи обии Роғун бо баландии 335 м баландтарин дар ҷаҳон мешавад ва нерӯгоҳ бо 3600 МВт (дар муқоиса бо 2700 МВт НБО-и Норак) истеҳсоли нерӯи барқ калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Миёна хоҳад гашт.

Давомнокии сайёҳат: 8 соат

Ғизо: хӯроки нисфирӯзӣ

Либос: озод

Шумораи ширкаткунандагон: аз  10 нафар

Макони вохӯрии гурӯҳ: майдони назди Театри опера ва балети шаҳри Душанбе то  соати 09:15.

Ҷадвали сайёҳат:   

09.30: Ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба Роғун -100 км, давомнокии ҳаракат дар роҳ тақрибан 2 соат

11.30-13.30: Боздид аз сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун.

13.30-15.30: Хӯроки нисфирӯзӣ

15:30-17.30: Бозгашт ба шаҳри Душанбе

Агар шумо, барои иштирок дар ин самти сайёҳӣ ҳавасманд бошед, лутфан тавассути истиноди зерин аз бақайдгирӣ гузаред: Бақайдгирӣ

НБО РоғунНБО Роғун
НБО РоғунНБО Роғун
НБО РоғунНБО Роғун
НБО РоғунНБО Роғун

ДАРАИ РОМИТ

CАЁҲАТ ДАР ДАРАИ РОМИТ

Тавсифи макон: Дараи Ромит, ки дорои манотиқи сершумори фароғатӣ, обҳои гарм, ҷангалҳои ҳифзшаванда ва дарёҳои зебоманзари кӯҳӣ мебошад, аз 45 –ум километрии шимолу шарқи Душанбе оғоз мешавад.

Аз Душанбе ба самти дараи Ромит  то дарвозаи шахри Вахдат рафта, дар 37 –ум километр аз пойтахт, ба тарафи чап сафарбар шуда, аз тарафи соҳили рости дарёи Кофарниҳон, ки дарозиаш 387 километр мебошад, ҳаракатро давом додан лозим аст. Дарёи Кофарниҳон аз тарафи чап аз дарёи Сорбо, аз пиряхҳо ва майдонҳои барфи каторкуҳи Қаротегин ва аз тарафи рост аз дарёи Сардаи Миён аз қаторкуҳи Ҳисор сарчашма мегирад. Дар ҷануби деҳаи Шаҳритуз дарёи Кофирниҳон ба Амударё ҷорӣ мешавад.

Наботот ва ҳайвоноти дараи Ромита аз ин шоҳрагҳои обӣ вобастагӣ доранд. Дар дарёи Сардаи Миёна ва Сорбо дар баландии 1200 метр аз сатҳи баҳр деҳаи Ромит вокеъ гардида, дар ру ба руи он, аз он тарафи дарьё мамнуъгоҳи Ромит ҷойгир аст, ки соли 1959 дар майдони бештар аз 16 хазор гектар бо мақсади муҳофизати маҷмуи табиии куҳҳои миёна ва баланди қаторкуҳҳои Ҳисор ташкил карда шудааст.

Мамнуъгоҳ бо ҷангалҳо, нишебиҳои куҳҳӣ, дарахтони тукс, сафедор, бед, хордор, жигда (маккан), тут, инчунин себи худруй, нок, олуча, гелос, чормағз, ангат, зирк, дулона. , биҳӣ, писта, бодом, гулоб, арча ва ҳатто дарахтони алоҳидаи биотии шарқӣ, ба монанди арчаҳои ороишӣ (туя) машҳур мебошад.

Дарёҳо ва рудҳои сершумор макони «моҳии шоҳона» – гулмоҳӣ, инчунин моҳии маринка ва туркистонӣ мебошанд. Сокинони маҳаллӣ “форел”-ро “гулмоҳӣ” меноманд. Баъзан шумо метавонед бубинед, ки гулмоҳӣ аслан аз сатҳи об баланд шуда, шаршараҳоро паси сар мекунад ва ё мисли морҳо ба санги бо қабати тунуки оби равон пӯшонидашуда ҷаҳиш карда, ба боло ҳаракат мекунад. Тамошои он таассуроти фаромушнашаванда мегузорад!

Давомнокии сайёҳат: 6-7 соат.

Ғизо: хӯроки нисфирӯзӣ

Либос: озод

Шумораи: аз 10 нафар

Макони вохӯрии гурӯҳ: майдони назди Театри Опера ва Балети шаҳри Душанбе то  соати 09:15.

Ҷадвали сайёҳат:   

09.30: Ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти Ромит (Маҷмааи сайёҳии  «Арху») – 50 км, давомнокии ҳаракат дар роҳ 1 соат.

10.30 -11.00: Азназаргузаронии хоҷагиҳои моҳидорӣ, ки дар онҳо гулмоҳи ва дигар навъҳои мохӣ парвариш карда мешаванд.

11.00-13.00: Саёҳат дар кӯҳҳо, омӯхтани ҷойҳои ҷолиби дидани маҳаллӣ ва имкониятҳои фароғатӣ

13.00-15.00: Хӯроки нисфирӯзӣ

15:00-16.30: Бозгашт ба шаҳри Душанбе

Агар шумо, барои иштирок дар ин самти сайёҳӣ ҳавасманд бошед, лутфан тавассути истиноди зерин аз бақайдгирӣ гузаред: Бақайдгирӣ

РомитРомит
РомитРомит
РомитРомит
РомитРомит

САФЕД-ДАРА

Сайёҳат ба маҷмааи лижаронии “Сафед-Дара”

Тавсифи макон: Сафед-дара бо қуллаҳои баландкуҳ ва ҳавои тозааш гавҳари аслии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин маконест, ки барфи пок ва манзараҳои ҳайратангезро ба ҳам мепайвандад.

Маҷмааи лижаронии Сафед-дара таърихи худро соли 1976 оғоз карда, хизматрасониҳои варзишӣ, сайёҳӣ ва лижарониро пешкаш менамуд.  Маҷмаа 50 км дуртар аз шаҳри Душанбе воқеъ аст. Номи «Сафед-дара» шаҳодатдиҳандаи  зебоӣ ва покии он мебошад.

Маҷмаа дар теппаи куҳсор дар баландии 2200 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст. Бо шарофати ҳавои софи офтобӣ ва насими тозаи кӯҳӣ, ин макон барои истироҳати фаъол дар ҳама фасли сол беҳтарин макон ба шумор меравад. Манзараи ҳайратангези кӯҳистон ва осмони кабуд ба ҳар касе, ки аз Сафед-Дара дидан кардааст, таассуроти доимӣ мегузорад.

Аз соли 2016 Маҷмаа кори худро ба таври нав бо пешниҳоди хизматрасониҳои гуногун дар масофаи 60 гектар ва бо имконияти қабули якбора то 1000 нафар оғоз намуд.  Дар ин макон шумо ҳама чизеро, ки барои истироҳати бароҳат лозим аст,  аз қабили меҳмонхонаи сатҳи баланд, лифтҳои замонавӣ, пайроҳаҳои лижаронӣ ва барфӣ, қаҳвахонаҳо ва ғайраро пайдо хоҳед кард.

Сафед-Дара бо хизматрасониҳои вақтхушкунандаи худ машҳур буда, ба меҳмонон доираи васеи онҳоро пешниҳод менамояд, аз лижаронии кӯҳӣ сар карда то “сноуборд”, конкиронӣ ва мошинҳои барфӣ. Хизматрасониҳои иловагии он аз қабили “зип-лайн”, “пейнтбол” ва “СПА” будубоши шуморо дар он боз ҳам шавқовартар мекунанд. Новобаста аз фасли сол, Сафед-дара метавонад, дар муҳити дилрабои табиат ва бароҳат як истироҳати фаромӯшнашавандаро пешкаш намояд.

Давомнокии сайёҳат: 6-7 соат

Ғизо: хӯроки нисфирӯзӣ

Либос: Либоси озод. Пойафзоли барои кӯҳнаварди мувофиқро интихоб намоед.

Шумораи ширкаткунандагони: аз 10 нафар

Макони вохӯрии гуруҳ: соати 9:00 дар майдони назди Театри Опера ва  Балети  шаҳри Душанбе 

Ҷадвали сайёҳат:

09.30 Ҳаракат аз шиҳри Душанбе

11.00-11.30: Расидан дар Сафед –дара, сайр дар худуди Маҷмаа ва гирду атрофи он

1200-12.20: Бо роҳи симтаноб ба баландии 2590 метр боло баромадан, расмгирӣ

12:40 Бо роҳи симтаноби Сафед-дара 2 ба баландии 3020 метр боло баромадан,

13:30 Хуроки нисфирӯзӣ, истироҳат, суҳбат

15:00 Ҳаракат аз Сафед –дара

16:20 Расидан дар шаҳри Душанбе

Агар шумо, барои иштирок дар ин самти сайёҳӣ ҳавасманд бошед, лутфан тавассути истиноди зерин аз бақайдгирӣ гузаред: Бақайдгирӣ

Сафед ДараСафед Дара
Сафед ДараСафед Дара
Сафед ДараСафед Дара
Сафед ДараСафед Дара
Сафед ДараСафед Дара
Бо мо тамос гиред:
Телефон: +992 (37) 227-68-43
E-mail: secretariat@dushanbewaterprocess.org