Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 10-13 июни соли 2024
Муқаддима
Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 аз 10 то 13-уми июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар ҷаҳорчубаи Раванди оби Душанбе баргузор мегардад.
Раванди оби Душанбе – ин ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 буда, силсилаи конфронсҳоеро, ки ҳар ду сол як маротиба аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Миллали Муттаҳид гузаронида мешаванд, дар бар мегирад. Ҳамраисони конфронсҳо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Дабири кулли СММ, роҳбари департаменти масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ мебошанд.
То имрӯз дар Душанбе ду Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал оид ба об – солҳои 2018 ва 2022 бомуваффақият баргузор карда шудаанд. Конфронси дуюми Даҳсолаи оби Душанбе дар соли 2022 дар таҳия ва ташаккули мавзӯъҳои муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ дар соли 2023 ва оғози Рӯзномаи амал оид ба об нақши муҳим бозидааст.
Дар доираи Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал оид ба об Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф дорад, ки барои назорат ва пешбурди натиҷаҳои Конфронси оби СММ дар соли 2023 платформаи мувофиқ таъмин намояд.
Дар ин асос, сохтори барномаи Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал оид ба об мувофиқ ба сохтори барномаи Конфронси оби СММ панҷ муколамаи интерактивиро дар бар мегарад, ки дар доираи онҳо раванди муваффақияти бадастомадаро аз замони Конфронси оби СММ то ба ҳол баррасӣ хоҳад шуд.
Ҳадафҳо
Ҳадафи асосии Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал оид ба обро тақвияти минбаъдаи талошҳои муштарак ва дастгирии иҷрои ӯҳдадориҳои ихтиёрии дар Рӯзномаи амал оид ба оби Конфронси оби СММ дарҷгардида ва ҳамчунин ҳавасмандгардонии муносибатҳои нави шарикӣ ва тезонидани амалҳо ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои Рӯзномаи рушди устувор барои то соли 2023 ташкил медиҳанд.
Конфронси сеюми Душанбе ҳамчунин ба табодули таҷрибаҳои беҳтарин ва ҳалли инноватсионӣ, таҳкими шарикӣ байни ҷонибҳои манфиатдор, баланд бардоштани нақши об дар рушди устувор, баланд бардоштани огоҳӣ ва сафарбар кардани иродаи сиёсӣ барои суръат бахшидан ба пешрафт дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои марбут ба Рӯзномаи рушди устувор барои то соли 2030 ва мусоидат ба Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор дар соли 2024 ва раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2026 равона гардидааст.
Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал оид ба об ба масъалаҳои зерин бахшида мешавад:
- Таъмини платформа барои дастгирии татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба об, инчунин қарорҳои Конфронси СММ оид ба об дар соли 2023;
- Пешниҳоди маълумоти таҷдидгардида оид ба амалӣ гардидани чорабиниҳое, ки дар Эъломияи ниҳоӣ, Хулосаи ҳамраисон ва Даъват ба амал ва шарикии Конфронси 2-юми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал оид ба об дарҷ гардидаанд;
- Дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ суръат бахшидан ба татбиқи ҳадаф ва вазифаҳои марбут ба оби дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқагардида, аз ҷумла тавассути Барномаи чаҳорчубавии глобалии оид ба суръатбахшӣ барои ноил шудан ба ҲРУ 6;
- Пешбурди қарорҳо ва воситаи илман асоснокшуда, аз ҷумла маълумот, технология ва инноватсия;
- Беҳтар намудани такмили иқтидор, дониш ва таълим тавассути мубодилаи иттилоот ва таҷрибаи пешқадам;
- Намоиши ҳамкориҳои муваффақ, таблиғу ташвиқ ва амалҳои шабакавии ҷонибҳои манфиатдор дар ҳама сатҳҳо, ки барои ҳалли ҳадаф ва вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба об нигаронида шудаанд;
- Мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар сатҳҳои гуногун тавассути тавсеа додани муколамаҳо, шарикӣ ва равишҳои байнисоҳавӣ;
Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал оид ба об инчунин як механизме хоҳад буд, ки ҳукуматҳо, Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамаи шарикони дигарро барои табдил додани ниятҳо ба амалҳо ва барои гирифтани ӯҳдадориҳои нав, ки дар Рӯзномаи амал оид ба об сабт мешаванд, ҳавасманд мекунад.
Замон ва макон
Конфронс аз 10 то 13 июни соли 2024 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Сомон» – и шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Форуми гуруҳҳои минтақавӣ ва асосӣ як руз пеш аз ифтитоҳи Конфронс баргузор мегарданд. Макони баргузории ин чорабиниҳоро ташкилкунандагон алоҳида муайян менамоянд.
Иштирок
Конфронс дорои хусусияти бисёрҷониба буда, гурӯҳҳо ва иштирокчиёни мухталиферо, ки дар татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои марбут ба захираҳои об машғуланд, гирди ҳам меоварад.
Конфронс намояндагони баландпояи кишварҳои аъзои СММ, зерсохторҳои СММ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, институтҳои байналмилалии молиявӣ, бахши хусусӣ, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, гуруҳҳои илмӣ, ҷомеаҳо, мақомотҳои қудратии маҳаллӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро ҷамъ меоварад.
Барои фароҳам овардани имконият барои пешбурди равишҳои ҳамгироёна ва шарикӣ, иштироки бахшҳои гуногуни берун аз соҳаи об низ ба мақсад мувофиқ дониста мешавад.
Формати иштирок
Интизор меравад, ки Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал оид ба об дар шакли ҳузурӣ баргузор гардида, сатҳи баланди муносибат ва ҳамкории муттақобиларо байни ширкаткунандагон таъмин менамояд ва инчунин тавассути YouTube ва дигар шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ пахш мешавад.
