ФЕСТИВАЛИ ОБ ВА ПИРЯХҲО
Фестивали об ва пиряхҳо аввалин маротиба дар Тоҷикистон 10 июни соли 2024 дар Боғи фарҳангию фароғатии “Ҷавонон” дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Он ҷашни обу пиряхҳо ҳамчун асоси зиндагӣ, некӯаҳволӣ, шукуфоӣ ва рушди устувор хоҳад буд.
Фестивал аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Конфронси 3-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028, ки аз 10 то 13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ташкил карда шудааст.
Мақсад аз баргузории Фестивали «Об ва пиряхҳо» баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи арзиши об ҳамчун манбаи ҳаётан муҳим ва пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби тозаи ошомиданӣ, инчунин зарурати нигоҳубин ва ҳифзи онҳо барои наслҳои оянда мебошад. Фестивал дар баробари паёмҳои мусбии худ мушкилоту монеаҳои мавҷуда дар ин самт ва зарурати сафарбар намудани саъю кӯшишҳоро барои рафъи онҳо нишон медиҳад.
Фестивали об ва пиряхҳо ҳамчунин барои нишон додани сиёсат ва таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар пешбурди масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Қатъномаи СММ оид ба эълони соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, ки барои инсоният дар ҳалли масъалаҳои марбут ба тағирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва рафъи камбуди об дар сайёра муҳим ва саривақтӣ буда, яке аз муҳимтарин дастовардҳои кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад, равона гардидааст.
Фестивали об ва пиряхҳо аз чанд ҷузъ иборат хоҳад буд. Барномаи Фестивал намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва эҷодиёти мардумӣ, намоишгоҳи таомҳои миллии тоҷикӣ, намоишгоҳи навъҳои гуногуни оби нӯшокӣ, барномаи консертӣ бо иштироки устодони ҳунари кишвар, намоиши мӯди либоси миллии тоҷикӣ ва ғайраро дар бар мегирад.
Фестивал аз соати 19:00 то 21:00 дар вазъияти идона ва дӯстӣ идома ёфта, ба меҳмонони Конфронс имкони хубе фароҳам меоварад, ки бо таърих, фарҳанг, санъат, анъанаҳои мардуми тоҷик ошно шаванд ва ҳамзамон шоми гуворо ва ҷолиб дошта бошанд.








????????????????????????????????????




