РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ
Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд
оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор", солҳои 2018-2028
10-13 Июни, 2024 сол
English | Русский | Тоҷикӣ
2024-06-10 09:00:00
Ҳуҷҷатҳо
  • Оид ба конфронс
    • Муқаддима
    • Ҳадафҳо
    • Замон ва макон
    • Иштирок
  • Барнома
    • Ҷаласаи пленарӣ
    • Муколамаҳои интерактивӣ
    • Форумҳо
    • Сохтори Барнома
  • Чорабиниҳо
    • Чорабиниҳои канорӣ
    • Чорабиниҳои фарҳангӣ
  • Экскурсия
  • Намоишгоҳ
  • Логистика
    • Маълумоти зарурӣ
    • Раводид ба Тоҷикистон
    • Аккредитатсияи ВАО
    • Хатсайрҳо
    • Меҳмонҳона
  • Оид ба конфронс
    • Муқаддима
    • Ҳадафҳо
    • Замон ва макон
    • Иштирок
  • Барнома
    • Ҷаласаи пленарӣ
    • Муколамаҳои интерактивӣ
    • Форумҳо
    • Сохтори Барнома
  • Чорабиниҳо
    • Чорабиниҳои канорӣ
    • Чорабиниҳои фарҳангӣ
  • Экскурсия
  • Намоишгоҳ
  • Логистика
    • Маълумоти зарурӣ
    • Раводид ба Тоҷикистон
    • Аккредитатсияи ВАО
    • Хатсайрҳо
    • Меҳмонҳона

Чорабиниҳои канорӣ 11.06.2024

Бозгашт ба барнома
  • Муқаддима
  • Чорабинии канории 1
  • Чорабинии канории 2
  • Чорабинии канории 3
  • Чорабинии канории 4
  • Чорабинии канории 5
  • Чорабинии канории 6
  • Чорабинии канории 7
  • Чорабинии канории 8

Муқаддима

Чорабиниҳои канорӣ –  имконияти хуб барои ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати дар доира хурд муҳокима намудани масъалаҳои рӯзмарра ба шумор меравад. Шумо метавонед бо дигар ширкаткунандагони Конфронс мубодилаи таҷриба ва ғоя намуда, роҳҳои нави ҳамкориҳоро пайдо намоед.

Мавзӯи чорабиниҳои канорӣ бояд ба мавзӯи умумии муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ дар соли 2023 мувофиқат намоянд. Бо вуҷуди ин, шумо метавонед, мавзӯи дигареро интихоб намоед, ки ба он тавваҷҷуҳ доред.

Такшилкунандагони Конфронс ба шумо барои баргузор намудани чорабиниатон макон пешниҳод менамояд, барои дастрас намудани раводид барои ширкаткунандагони чорабиниатон ва ҳамчунин дастрасии нақлиёти маҳалли мусоидат менамояд. Дар баробари ин, шумо имконият пайдо менамоед, ки дар давоми зиёфати расмии бегоҳирӯзӣ бо дигар ширкаткунандагони Конфронс ҳамсуҳбат шавед.

Чорабиниҳои канорӣ метавонанд аз ҷониби доираи васеъӣ ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ, институтҳои молиявӣ, муассисаҳои ҳукуматӣ, гуруҳҳои ҷомеаи шаҳравндӣ, муассисаҳои таълимӣ ва бахши хусусӣ ташкил карда шаванд.

Чорабинии канории 1

Лаҳзаи такконбахш – аз COP 28 то COP 29: пешбурди натиҷаҳо оид ба об барои амалҳо дар соҳаи иқлим

Ташкилкунандагон: Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Подшоҳии Нидерланд, SIWI

Забон: Англисӣ бо таъмини тарҷумаи таҳтуллафзӣ ба забони Русӣ

Сана: 11 июня, 17:00 – 18:30

Макони баргузорӣ: Кохи Сомон, толори нишасти матбуотӣ

Шахси тамос: Бойзода Саной, Тел: 919135486 E-mail: sanoi.boev@gmail.com

 

Мақсад аз ин чорабинии канорӣ таҳким бахшидан ба суръате, ки дар COP 28 ба даст оварда шудааст ва кӯмак ба таҳкими натиҷаҳои мусбати COP 29 мебошад, ки тавассути роҳҳои минбаъда ба даст оварда хоҳад шуд: – таҳким ва рушди ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳама сатҳҳо;- муҳокимаи роҳҳои ҳал ва эҷоди шарикӣ барои рафъи норасоии маблағгузории мутобиқшавӣ ба об ва иқлим;- таҳлили тадбирҳо ва маъракаҳои мавҷуда, аз ҷумла тадбирҳое, ки дар Конфронси оби UN2023 таҳия шудаанд, масалан, Рӯзномаи амал оид ба об ва COP 28;- пешниҳоди ғояҳои нав – таҳияи тавсияҳо барои пешбурди минбаъдаи устувории об ва амалҳои иқлим;- Мусоидат ба табодули афкор бо Озарбойҷон, ки раёсати COP29-ро ба ӯҳда гирифтааст ва ғайра.

Чорабинии канории 2

Ҳаракати одамон дар шароити тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои кӯҳӣ – далелҳо, норасоиҳо ва афзалиятҳо

 

Ташкилкунандагон: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират

Забон: Англисӣ бо таъмини тарҷума бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Сана: 11 июн аз соати 17:00 то 18:30

Макон: Кохи Сомон, утоқи №___ «Толори сафед»

Шахси тамос: 1) Саттор САИДОВ – сардори Маркази тадқиқи тағйирёбии иқлими Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тел: +992 918502648

2) Хонум Моҳира Файзуллоева – Ёрдамчии калони Барномаи СБМ Тоҷикистон, Телефон: +992 939088817, E-mail: mfayzulloeva@iom.int

Ҳадаф аз баргузор намудани чорабинии канории мазкур пурзӯр намудани овози ҷонибҳои манфиатдор аз минтақаҳои кӯҳӣ, тарғиби амали дастаҷамъона барои ҳалли мушкилот ва имкониятҳои марбут ба ҳаракати аҳолӣ дар заминаи тағирёбии иқлим ба шумор меравад.

Бартараф намудани камбудиҳои далелҳои ҳақиқӣ, ҷиҳати мусоидат намудан ба ҳамкориҳо ва рушди иқтидор, тақвияти дастгириҳо дар пешорӯи марҳалаҳои калидӣ, аз қабили Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, Панҷсолаи амалиёт барои минтақаҳои кӯҳӣ ва Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағирёбии иқлим мебошад, ҳадафҳои дигари чорабинии канорӣ ба шумор мераванд.

Илова бар ин, чорабинӣ ҳамчун як платформа барои намоиш додани Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон, таъкид кардани мушкилоти беназири минтақаҳои кӯҳӣ ва сафарбар кардани амалиёти дастаҷамъона барои мутобиқсозии устувор ва эҷоди устуворӣ хизмат мекунад.

Чорабинии канории 3

Стратегияҳои ҳамкорӣ оид ба идоракунии обҳои фаромарзӣ дар Осиёи Марказӣ

 

Ташкилкунандагон: Донишкадаи байналмилалии идоракунии захираҳои об, / Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи. Ш. Шотемур

Забон: русӣ бо тарҷумаи синхронӣ ба забони англисӣ ва тоҷикӣ

Сана: 11 июн, 17:00 – 18:30

Макон: бинои «Б», хавлии №___ «Оташ».

Шахси тамос:

1) Зафар Ғафуров – ходими илмии IWMI-CA, иҷрокунандаи вазифаи менеҷери кишвар, телефон: +998 71-237-0445, E-mail: z.gafurov@cgiar.org

2) Шахриёр Сатторов – декан, E-mail: sattorov.sh83@gmail.com

Осиёи Марказӣ барои пешбурди рушди иҷтимоию иқтисодии худ бештар ба захираҳои муштараки об такя мекунад, аз ин рӯ идоракунии самараноки он барои ояндаи устувори минтақа муҳим аст. Бо вуҷуди ин, идоракунии ин дарёҳои фаромарзӣ шумораи зиёди мушкилотро ба вуҷуд меорад, аз ҷумла афзоиши талабот аз бахшҳои иқтисодӣ, қобилияти маҳдуди институтсионалӣ ва идоракунии муштарак дар сарҳади гидрографӣ.

Ҳамкории муассири фаромарзӣ дар соҳаи об барои таъмини дастрасии одилона ба захираҳои об, коҳиш додани хатари баҳсҳо ва низоъҳо байни давлатҳои наздисоҳилӣ ва мусоидат ба рушди устувор зарур аст.

Фаъолияти муштарак дар идоракунии захираҳои муштараки об ба кишварҳои Осиёи Марказӣ имкон медиҳад, ки раванди истифодаи обро барои кишоварзӣ, истеҳсоли нерӯи барқ, ҳамзамон ҳифзи муҳити зист, саломатии экосистемаҳо ва дигар соҳаҳо беҳтар намоянд.

Чорабинии канории 4

Роҳбарии наслҳо барои ояндаи бехатари об

Ташкилкунандагон: Бунёди Дхолакия

Забон: Англисӣ, Ҳиндӣ

Сана: 11 июн, 17:00 – 18:00

Макон: Кохи Сомон, утоқи №3 «Толори Зарандуд»

Шахси тамос: Kезия Геросано – CEO, Телефон: +15713209146, E-mail: keziah@dholakia.foundation

Ҳадафи чорабинии канорӣ муттаҳид кардани хайрхоҳон, пешвоёни тиҷорат, пешвоёни ҷавонон ва мансабдорони ҳукумат аст, то аҳамияти барқарорсозӣ ва эҳёи дарёҳо, бахусус дар кишварҳои Ҷаҳони Ҷанубиро баррасӣ кунанд. Ҳадафи ҷаласа инчунин ташвиқи шарикӣ ва ҳамкорӣ тавассути эҷоди як шабакаи шахсони алоҳида, созмонҳо ва корхонаҳое мебошад, ки мехоҳанд ӯҳдадориҳои далерона барои барқарорсозии дарёҳоро ба даст оранд.

Чорабинии канории 5

Об барои иқлим, рушди устувор ва муҳити зист: робитаи об бо ғизо, иқлим ва пиряхҳо, арзёбии захираҳои обҳои зеризаминӣ

 

Ташкилкунандагон: Вазорати захираҳои табиӣ ва муҳити зисти Федератсияи Русия

Забон: Русӣ, Англисӣ

Сана: 11 июни соли 2024; 17-00 то 18-30

Макони баргузорӣ: Бинои Б, ҳуҷраи №___ «Толори байзавӣ»

Шахси тамос: Екатерина Веселова – муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ ва тағирёбии иқлими Вазорати захираҳои табиӣ ва экологияи Федератсияи Русия, Телефон: (+7) 9096620779, E-mail: Kveselova@yandex.ru

Ҳадаф аз баргузории чорабинии канории мазкур баррасии масоили таҳкими талошҳои давлатҳо ва дигар ҷонибҳои манфиатдор оид ба масъалаҳои истифодаи об ва баррасии миёнамӯҳлати ҳамаҷонибаи пешрафт дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 ба шумор меравад.

Барои баррасӣ, ҳамчунин масоили алоқамандии об ва ғизо, иқлим ва пиряхҳо, арзёбии захираҳои обҳои зеризаминӣ бо мақсади намоиш додани бархурди Русия бо мушкилоти обӣ аз нуқтаи назари мусоид ва тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ низ пешниҳод карда мешаванд.

Чорабинии канории 6

Дар роҳ ба сӯи Саммити «Оби ягона»

Ташкилкунандагон: Ҳукумати Ҷумҳурии Казоқистон ва Ҷумҳурии Фаронса

Забон: Англисӣ

Сана: 11 июни соли 2024; 17:00-18:30

Макони баргузорӣ: Бинои 8, «Толори нишасти матбуотӣ»

Шахси тамос: Антуан Сигалас – мушовир оид ба маблағгузории устувор, кКотиби Генералии Саммити як сайёра, Телефон:+33(0)650865271 / +33(0)143176704, E-mail: Antoine.sigalas@diplomatie.gouv.fr 

Дар ин чорабинии канорӣ дастовардҳои раванди ташкилии саммит, ҳамчунин натиҷаҳое, ки дар саммити “Оби ягона” пешниҳод карда мешаванд, мавриди баррасӣ қарор ҳоҳанд гирифт. Ҳамин тариқ Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” як марҳилаи муҳим дар Рузномаи оби ҷаҳонӣ ба шумор меравад, ки Саммити “Оби ягона” мехоҳад дар он иштирок намояд ва дар раванди муколамаи ҷории СММ саҳмгузор бошад.

Чорабинии канории 7

Маблағгузорӣ ва ҷалби сармоя дар маҷмааи об, энергетика ва истифодаи замин дар Осиёи Марказӣ

 

Ташкилкунандагон: Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (OECD), Маркази иттилоотии илмии Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии оби Осиёи Марказӣ (SIC ICWC), Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Аврупо (UNECE).

Забон: Англиси ва Русӣ (ё забони миллӣ ) тибқи хоҳиши сухангӯён.

Сана:  11 июня, 17:00-18:30

Макони баргузори: Кохи Сомон, утоқи № 5 «Толори нав».

Шахси тамос: Такайоши Като – роҳбари Лоиҳа, телефон:+33 145 24 74 88, E-mail:Takayoshi.Kato@oecd.org

Дар ин чорабинӣ ҷанбаҳои иқтисодӣ ва молиявии ҳамкориҳои байнисоҳавӣ ва фаромарзӣ дар соҳаи об, энергетика ва идоракунии замин дар Осиёи Марказӣ баррасӣ мешавад. Мутобиқи ҳадафҳои Конфронс, ҷаласа ба табодули таҷрибаҳои беҳтарин, аз қабили аҳамияти таъмини равиши “тамоми ҳукумат” барои идоракунии устувори захираҳои об ва роҳҳои ҳалли муассири маблағгузорӣ барои дастгирии ҳамкории байнисоҳавӣ байни бахшҳои гуногун аз чумла энергетика, об ва идоракунии замин мусоидат хоҳад кард. Ба ин манзур дар ҷаласа назари кишварҳои Осиёи Марказӣ вобаста ба ин масоил ҷамъоварӣ шуда, дар ҳамоҳангӣ бо дигар ташаббусҳои марбут ба маҷмааи обу энержӣ ва ғизо, ки дар минтақа вуҷуд доранд, мусоидат хоҳад кард.

Чорабинии канории 8

SDG-6 Низоми дастгирии сиёсат (SDG-PSS) Чорабинии минтақавии Осиё ва Уқёнуси Ором

Ташкилкунандагон:UNOSD / UN DESA

Забон: Англисӣ

Сана: 11 июн: 9:00-17:00

12 июн: 9:00-16:00

Макони баргузорӣ: Кохи Сомон, Бинои 1, утоқи №___ «Маҷлисгоҳ»

Шахси тамос: Саймон Гилби – Мутахассис оид ба рушди устувор, Телефон: +82 10 6699 5579 Почтаи электронӣ: simon.gilby@un.org бо нусхааш ба kim23@un.org

Чорабинии канории минтақавии Осиё ва Уқёнуси Ором ҳам семинари марҳилаи 4-уми минтақаи Осиё ва ҳам як муҳокимаи кушодро дар бар мегирад. Семинар барои тавсеаи истифодаи SDG-PSS ва ҳалли мушкилоте, ки бо суръат бахшидан ба ноил шудан ба SDG 6 алоқаманд аст, кӯмак хоҳад кард. Илова бар ин, натиҷаҳои семинари минтақавӣ дар муҳокимаи кушоди рӯзи 12 июн дар нимаи дуюми рӯз пешниҳод карда мешаванд.

Бо мо тамос гиред:
Телефон: +992 (37) 227-68-43
E-mail: secretariat@dushanbewaterprocess.org