Чорабиниҳои канорӣ – имконияти хуб барои ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати дар доира хурд муҳокима намудани масъалаҳои рӯзмарра ба шумор меравад. Шумо метавонед бо дигар ширкаткунандагони Конфронс мубодилаи таҷриба ва ғоя намуда, роҳҳои нави ҳамкориҳоро пайдо намоед.
Мавзӯи чорабиниҳои канорӣ бояд ба мавзӯи умумии муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ дар соли 2023 мувофиқат намоянд. Бо вуҷуди ин, шумо метавонед, мавзӯи дигареро интихоб намоед, ки ба он тавваҷҷуҳ доред.
Такшилкунандагони Конфронс ба шумо барои баргузор намудани чорабиниатон макон пешниҳод менамояд, барои дастрас намудани раводид барои ширкаткунандагони чорабиниатон ва ҳамчунин дастрасии нақлиёти маҳалли мусоидат менамояд. Дар баробари ин, шумо имконият пайдо менамоед, ки дар давоми зиёфати расмии бегоҳирӯзӣ бо дигар ширкаткунандагони Конфронс ҳамсуҳбат шавед.
Чорабиниҳои канорӣ метавонанд аз ҷониби доираи васеъӣ ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ, институтҳои молиявӣ, муассисаҳои ҳукуматӣ, гуруҳҳои ҷомеаи шаҳравндӣ, муассисаҳои таълимӣ ва бахши хусусӣ ташкил карда шаванд.
SDG-6 Низоми дастгирии сиёсат (SDG-PSS) Чорабинии минтақавии Осиё ва Уқёнуси Ором
Ташкилкунандагон:UNOSD / UN DESA
Забон: Англисӣ
Сана: 11 июн: 9:00-17:00
12 июн: 9:00-16:00
Макони баргузорӣ: Кохи Сомон, Бинои 1, утоқи №___ «Маҷлисгоҳ»
Шахси тамос: Саймон Гилби – Мутахассис оид ба рушди устувор, Телефон: +82 10 6699 5579 Почтаи электронӣ: simon.gilby@un.org бо нусхааш ба kim23@un.org
Чорабинии канории минтақавии Осиё ва Уқёнуси Ором ҳам семинари марҳилаи 4-уми минтақаи Осиё ва ҳам як муҳокимаи кушодро дар бар мегирад. Семинар барои тавсеаи истифодаи SDG-PSS ва ҳалли мушкилоте, ки бо суръат бахшидан ба ноил шудан ба SDG 6 алоқаманд аст, кӯмак хоҳад кард. Илова бар ин, натиҷаҳои семинари минтақавӣ дар муҳокимаи кушоди рӯзи 12 июн дар нимаи дуюми рӯз пешниҳод карда мешаванд.
Таъсири хатари аз соҳилҳ берун шудани кулҳои аз пиряхҳо ташаккулёфта ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ
Ташкилкунандагон: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тҷикистон
Шарикон: Дафтари ЮНЕСКО дар Алмаато – лоиҳаи Коҳиши осебпазирии аҳолии минтақаи Осиёи Марказӣ аз обхезии кӯлҳои пиряхӣ дар шароити тағйирёбии иқлим
Забон: англисӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва русӣ
Сана: 12 июн аз соати 14:00 то 15:30
Макон: Кохи Сомон, утоқи №___ «Толори сафед»
Шахси тамос: Назирзода Камолиддин – муовини сардори Маркази пиряхшиносии Агентии обуҳавошиносии кишвар, Телефон: +992 901055540 E-mail: knazirzoda96@list.ru
Чорабинии канорӣ ҳамчун як платформа барои табодули донишу таҷриба байни мутахассисон, намояндагони мақомотҳои давлатӣ, ҷамъиятҳои маҳаллӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, ки метавонанд барои дуруст дарк намудани мушкилоти бо кулҳои аз пиряхҳо ташаккулёфта ва нақшабандии манфиатнок оид ба паст намудани хатарҳои рушди иқтисодӣ-иҷтимоии кишварҳои Осиёи Марказӣмусоидат намоянд, ташкил менамояд.
Новобаста аз ин чорабинии канорӣ барои намоиш додани таҷрибаи кишварҳои минтақа дар самти мониторинг ва арзёбии хатарҳои марбут ба аз соҳил баромадани кулҳои аз пиряхҳо ташакулёфта, бо қайд намудани мушкилоти беназир, ки ҷамоатҳои осебпазир дар минтақаҳои кӯҳӣ бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, шароити мусоид фароҳам менамояд
Тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти маориф ва илм барои мусоидат ба ИҲЗО: равишҳои нав ба ташаккул ва рушди иқтидор
Ташкилкунандагон: Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ), / САҲА / Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемура (ТАУ) / Донишгоҳи Қазоқистону Олмон (DKU) / Институти байналмилалии идоракунии захираҳои об (IWMI)
Забон: Тоҷикӣ, Русӣ, Англисӣ
Санаи: 12 июн 14:00 – 16:00
Макони баргузорӣ: Бинои 8, утоқи № «Толори Малахит»
Шахси тамос:
1) Барбара Януш-Павлетта – ноиби президент оид ба рушди байналмилаӣ ва устувор, E-mail: vicerector.int@dku.kz,
2) Шахриёр Сатторов – декан, E-mail: sattorov.sh83@gmail.com,
3) Далер Абдуразокзода – Сардори Раёсати сиёсати энергетики ва об, E-mail: doro-1@mail.ru
Мақсад аз баргузории чорабинӣ намоиш додани он ки читавр ҳамкориҳои илмӣ, тадқиқотҳои амалӣ ва баланд бардоштани иқтидор метавонанд унсурҳои муҳим барои пешбурди устувор ва татбиқи идоракунии ҳамгирошудаи захираҳои об дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор то соли 2030 бошанд.
Айни замон мо мушкилоти зиёду бардавомро дар идоракунии глобалии об мушоҳида менамоем, ки аз таъсири тағирёбии иқлим шадидтар мешаванд. Чорабинии канорӣ ба табодули дониш ва ҷалби ҷавонон ба ин самт тамаркуз хоҳад кард.
Тақвият бахшидани истифодаи муштараки манфиатҳо дар Осиёи Марказӣ: Нақши усули аз алоқамандии об, энергия, ғизо ва экосистема асосёфта
Ташкилкунандагон: Институти байналмилалии хоҷагии об, / Институти мушкилоти об, гидроэнергетика ва экологияи АИ Тоҷикистон,
Забон: Англисӣ бо тарҷумаи синхронӣ ба забонҳои Русӣ ва Тоҷикӣ
Сана: 12 июн, 14:00 – 16:00
Макони баргузорӣ: Бинои «Б», ҳуҷраи №___ «Оташ»
Шахси тамос:
1) Зафар Ғафуров – ходими илмии IWMI-CA, иҷрокунандаи вазифаи менеҷери кишвар, телефон: +998 71-237-0445, E-mail: z.gafurov@cgiar.org
2) Яраш Пӯлатов – мудири кафедраи технологияҳои инноватсионӣ (IWPHE), тел: +992 91-994-7556, E-mail: tj_water@mail.ru
Ин чорабинӣ муттахасисони чамъиятҳои бо масъалаҳои рушд, тадқиқот ва қабули қарор машғулбударо барои намоиш додани амалҳои гузашта ва фаъоли WEFE дар минтақа муттаҳид мекунад ва ба муҳокима дар бораи нақши равиши WEFE дар эҷоди устувории иқлим ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидат мекунад.
Чорабинии иловагии пешниҳодшуда ба конфронс хеле мувофиқ аст; он бо ду мавзӯи калидӣ, ки дар муколамаҳои интерактивӣ баррасӣ мешаванд, хуб мувофиқат мекунад: об барои рушди устувор (2) ва об барои ҳамкорӣ (4). Муаррифӣ ва мубоҳисаҳо дар ин иҷлосия мавзӯъҳои муҳимро аз тарҳрезии пайвастшавӣ, захираи об ва ҳосилнокӣ то ҳамкориҳои фаромарзӣ фаро мегиранд.
Нақши ислоҳоти соҳаи оби Тоҷикистон барои ноил гардидан ба ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 , ҳамчунин ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об
Ташкилкунандагон: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Чумҳурии Тоҷикистон, UNDP, GIZ, EU
Забон: Англисӣ, Русӣ
Сана: 12 июн, 14:00 – 16:00
Макони баргузорӣ: Бинои 8, хонаи №___ «Толори сафед»
Шахси тамос: Рустам Абдуллоев, Телефон: +992934004472, E-mail: rustam.water@gmail.com
Мақсад аз баргузории ин чорабинии канорӣ намоиши беҳтарин сиёсатҳо ва таҷрибаҳои Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об, таъмини ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба об, аз ҷумла Ҳадафи Рушди Устувор 6 дар сатҳи миллӣ мебошад. Дар иҷлосия ҳамчунин Стратегияи миллии оби Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, ки натиҷаи тааҳҳудоти Тоҷикистон дар Конфронси оби СММ-2023 дар Ню Йорк мебошад, муаррифӣ хоҳад шуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ ҳамчунин қабули ӯҳдадориҳои ихтиёрии шарикони рушд дар татбиқи Стратегияи миллии оби Тоҷикистон ҷиҳати таъмини рушди устувори соҳаи оби Тоҷикистон дар назар аст.
Мизи мудаввари вазирон бо иштироки Бонки ҷаҳонӣ ва EC IFAS: ноил шудан ба самаранокии бештари истифодаи об дар минтақаи Осиёи Марказӣ
Ташкилкунанадгон: Бонки Ҷаҳонӣ ва КИ ФБНА
Забон: Англисӣ, Русӣ
Сана: 12 июни соли 2024; 14:00-16:00
Макони баргузорӣ: Кохи Сомон, утоқи №3 «Толори Зарандуд»
Шахси тамос: Мухитдинова Фарзона – Сармутахассис оид ба идоракунии захираҳои об, Телефон: +992900727707, E-mail: fmukhitdinova@worldbank.org
Ҳадаф аз баргузории чорабинии канорӣ дар якҷоягӣ бо вазирон баррасӣ намудани самҳои эҳтимолии сармоягузории миллӣ ва минтақавӣ ба шумор меравад. Вохурӣ бо мақсади такмил додани изҳороти муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар Конфронси оби СММ оид ба об дар соли 2023 ироа ва дар доираи Форуми Осиёи Марказии соли 2022 дар доираи Конфронси 2-юми байналмилалии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе таҳия гардида буд, баргузор мегардад. Даъватнома барои иштирок дар чорабинӣ аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ дар якҷоягӣ бо КИ ФБНА бо ҳадафи таблиғи аҳамияти бархӯрди системавӣ ва ҳамкорӣ дар идоракунии минтақавии захираҳои об дар Осиёи Марказӣ фиристода шудааст.
Беҳтар кардани истифодаи захираҳои об роҳи умумии рушди устувори минтақаҳо мебошад
Ташкилкунандагон: Муассисаи илмии федералии давлатии буҷети «Маркази федералии илмии гидротехникӣ ва мелиоратсияи ба номи А.Н. Костяков»
Забон: Англисӣ, Русӣ
Сана: 12 июни соли 2024; 14:00-16:00
Макони баргузорӣ: Бинои Б, утоқи №___ «Зали байзавӣ»
Шахси тамос: Дедова Элвира – муовини директор оид ба илм, Телефон: +79613976080, E-mail: dedova@vniigim.ru
Мақсади асосии мизи мудаввар гузаронидани муҳокимаи васеъ ва табодули таҷрибаи илмӣ, методӣ ва истеҳсолӣ дар соҳаи истифодаи бисёр мақсадноки захираҳои об дар ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ дар минтақаи хушк дар шароити тағйирёбии иқлим ва сарбории шадиди антропогенӣ мебошад.
Чорабинии мазкур барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ, ба ҳам овардани мавқеъҳои илмӣ ва амалӣ дар соҳаи ҳифз ва истифодаи захираҳои об, мутобиқгардонӣ ва кам кардани омилҳои иқлимӣ ба захираҳои об ва тавозуни оби минтақа бо мақсади рушди устувор ва таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ нигаронида шудааст.
Об аз манбаъ то одамон: сармоягузорӣ ба мониторинги сифати об барои паст намудани хатарҳои экологӣ
Ташкилкунандагон: Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Институти муҳити зисти Финландия (Syke), Котиботи байналмилалии об
Забон: Англисӣ, Тоҷикӣ, Русӣ
Сана: 12 июн 2024 г.; 14:00-16:00
Макони баргузорӣ: Сомон Кохи, ҳуҷраи №5 «Толори нав»
Шахси тамос: Назокат Исаева – коршиноси миллӣ, Телефон: (+992) 777090740, 935859386, E-mail: finwaterwei.tj@gmail.com, m_rahimov_m@mail.ru
Чорабинии канорӣ бо Муколамаи интерактивии 3 “Об барои иқлим, устуворӣ ва муҳити зист: Аз сарчашма то баҳр, гуногунии биологӣ, иқлим, устуворӣ ва коҳиши хатари офатҳо мувофиқат мекунад. Дар он масъалаҳои мубрам, аз қабили мониторинги обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, амалҳо ва мушкилоте, ки барои ноил шудан ба нишондиҳандаи SDG 6.3.2 «Ҳиссаи объектҳои об бо сифати хуби экологӣ» рӯбарӯ мешаванд, баррасӣ хоҳанд шуд.
